Китобдӯст

Бо замимаи мо шумо ҳеҷ гоҳ дилгир нашуда, меҳри якумра ба хониш пайдо мекунед. Ҳамеша китоб ё бозии табъи дилатонро пайдо карда метавонед.

Дар бораи барнома

Замимаи мобилии хониш барои сайқал ёфтани малакаҳои хондан мусоидат мекунад. Ин замима иборат аз 68 номгӯи китоб буда, барои таълими хонандагони синфҳои 1-4 пешбинӣ шудааст. Мазмуну мундариҷаи замимаи мобилӣ ба стандарту барномаи хониши синфҳои ибтидоӣ мувофиқ аст. Бартарияти барномаи мазкур дар он аст, ки новобаста аз реҷаи серкории волидон, кӯдакон замимаро дар ҳар ҷо мустақилона истифода бурда метавонанд.

Мо барномаи худро бо ҳамин мақсад таҳия кардаем.

малакаҳои фарзандони худро ташаккул диҳед

Маҳсулоти мо

Барномаи мобилии мазкур даҳҳо китоб ва бозиҳои таълимиро дарбар мегирад

Китобҳо

Бозиҳо

Бартариҳо

Лоиҳаи мазкур ба рушди малакаҳои хониш тавассути қаҳрамонони аниматсионӣ дар китобҳо, бозиҳои ҷолиби ба рушди кӯдакон нигаронидашуда равона мешавад. Симои асосӣ як саргузашти азимеро аз сар мегузаронад ва хол ҷамъ мекунад.

  • Ҳамаи китобҳоро инчунин дар шакли овозӣ бо сабти овози худи кӯдак ё овози волидон шунидан мумкин аст.
  • Бозиҳо ҳам барои хонандагони навомӯз ва ҳам барои кӯдаконе, ки аллакай хонда метавонанд пешбинӣ шудаанд.
  • Агар дар хона чанд кӯдак бошад, онҳо метавонанд аз як дастгоҳ хонанд ва бозӣ кунанд.
  • Кӯдакон метавонанд натиҷаҳои худро нишон диҳанд ва барои гирифтани холи зиёд рақобат кунанд.

Барномаи мо барои зеркашӣ ба платформаҳои дастгоҳҳои гуногун дастрас аст.

Барномаи мазкурро ҳам ба тарики интернет ва бе дастрасии интернет ба телефони худ насб намуда истифода бурда мешавад.


Рейтинги истифодабарандагон

Дар барнома шумо дар бораи рейтинги истифодабарандагон метавонед маълумот гиред

Фикру мулоҳизаҳо

БаҳодурОктябр 2020
Барнома хеле писанд омад, мо хеле шод ҳастем, ки барномаи мазкурро истифода мебарем. Ин барнома ба ман хело кумак кард, чунки фарзандам бисёр чизро бо осони аз худ кард. Барнома дар сатҳи баланд сохта шудааст, ки барои аз худ кардани ҳарфҳо барои кудакон бисёр осон мебошад. Сипосгузорам, ба ҳамаатон омад.
МавҷудаОктябр 2020
Салом дустон! Ман дар ҳаяҷон ҳастам, чунки фарзандам бо истифодаи ин барнома алакай ҳарфҳоро аз худ кард. Миннатдории худамро чи хел баён карданамро намедонам. Ташакури зиёд! Дар ҳақиқат хеле шодам аз он, ки чунин барнома пешкаш намудед, ба шумоён ва дар симои шумо ба ҳамма барномасозон минатдории худамро баён мекунам ва ин барномаро ба ҳама маслиҳад медиҳам.
ДжамшедОктябр 2020
Ассалому алекум, ба ҳамма истифодабарандагони ин барнома. Ман бо дили пур метавонам гуям, ки ин барнома ба ҳамаи шумоён писанд омад. Ман то ҳол чунин барномаи пурмазмунро во нахурдаам. Имруз хеле шодам, ки барнома ба ман ва асосаш ба фарзандам маъқул шуд. Фарзандам аз ин барнома хеле чизро аз худ кард ва то ҳол бо хурсанди истифода бурда истодааст.